16 Июн 2021 - 14:55
Афзоиши 15 то 40 дирамии қиммати сӯхт тайи як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон

Тайи як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон қимати бензин, дизел ва гази моеъ байни 15 то 40 дирам афзоиш ёфтааст.

ABNA24 : Ба гузориши сомонаи Спутник, ҳоло нархи бензини навъи АИ 95 - 9,4 сомонӣ, АИ 92- 9, 10 сомонӣ, дизел - 8,4 сомонӣ ва нархи гази моеъ - 5, 2 сомонӣ баробар шудааст, ки дар муқоиса бо ҳафтаи қабл афзоиши 15 то 40 дирамиро нишон медиҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар оғози соли ҷорӣ қимати ҳар литр бензин ва дизел 7 сомонӣ ва газ моеъ 4 сомонӣ буд.

Аммо фурӯшандагони сӯхт мегӯянд, ки далели аслии гарон шудани қимати сӯхт дар Тоҷикистон афзоиши нархи харид аз кишварҳои содиркунанда мебошад.

Мирзо Комилов, мудири яке аз марокизи сӯхтгирӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, як ҳафта қабл як тон гази моеъро ба қимати 8 ҳазору 600 сомонӣ харидорӣ мекарданд, ки акнӯн ба 9 ҳазор ва100 сомонӣ расидааст.

Аз ин рӯ, фурӯшандагон чорае ба ғайр аз афзоиши қиматҳо надоранд.

Омили таъсиргузори дигар дар афзоиши қиммати сӯхт дар Тоҷикистон, аворизи гумрукӣ, молиёт, ҳазинаи барқ, ҳуқуқи кормандон ва хадамоти фаннӣ мебошад.

Тоҷикистон умдаи сӯхти мавриди ниёзи худро аз хориҷ, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

Дар соли 2020 Тоҷикистон аз хориҷ 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва 250 ҳазор тон дизел ворид карда буд.

342/